Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Таслӯникиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЮМ Имондорон бояд барои башорати Каломи Худо дуо гӯянд.

1 Ба ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,

2 Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.

3 Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.

4 Ва мо ба шумо дар Худованд эътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.

5 Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.


Калисо бояд ба танбалӣ ва касони бекорагард муқобил баромада, тартибро таълим диҳад.

6 Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,

7 Зеро худи шумо медонед, ки чӣ гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем:

8 Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, —

9 На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.

10 Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад.

11 Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд мекунанд;

12 Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд.

13 Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.

14 Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, — ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад;

15 Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.


Салом бо дасти худ ба ҳамаи имондорон.

16 Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагӣ ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!

17 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:

18 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan