Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Таслӯникиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Зоҳир шудани муртади олиҷоҳ пеш аз омадани дуюми Масеҳ.

1 Валекин аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ

2 Нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст.

3 Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад.

4 Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбуд ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.

5 Оё дар хотир надоред, ки вақте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?

6 Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вақти муайян зоҳир гардад.

7 Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло маҳфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, —

8 Он гоҳ шарир зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад.

9 Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст,

10 Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд.

11 Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд,

12 То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд.


Худованд тасаллои имондорон аст.

13 Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.

14 Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳ ноил шавед.

15 Пас, эй бародарон, истодагӣ кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо таълим гирифтаед, нигоҳ доред.

16 Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,

17 Бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan