2 Подшоҳон 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ШОНЗДАҲУМ Навкари дурӯғгӯй Мефибӯшет. 1 Ва ҳангоме ки Довуд аз қулла андаке дур рафт, инак Сибо, навкари Мефибӯшет, ба пешвози ӯ омад, ва бо вай як ҷуфт хари зиндор буд, ки дусад қурс нон, ва сад сар ангури соягӣ, ва сад курс анҷирқоқ ва як машк шароб бар онҳо буд. 2 Ва подшоҳ ба Сибо гуфт: «Ин чизҳои ту барои чист?» Ва Сибо гуфт: «Харҳо барои савор шудани аҳли байти подшоҳ аст, ва нону анҷир барои хӯрдани навкарон, ва шароб барои нӯшидани онҳое ки дар биёбон хаста шудаанд». 3 Ва подшоҳ гуфт: «Писари оғои ту куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар Ерусалим мондааст, зеро ки мегӯяд: „Алҳол хонадони Исроил салтанати падарамро ба ман хоҳанд баргардонид“». 4 Ва подшоҳ ба Сибо гуфт: «Инак, ҳар он чи Мефибӯшет дорад, аз они ту хоҳад шуд». Ва Сибо гуфт: «Саҷда мекунам; кошки дар назарат илтифот ёбам, эй оғоям подшоҳ!» Шимъӣ Довудро дашном медиҳад. 5 Ва ҳангоме ки Довуд ба Баҳурим расид, инак, шахсе аз қабилаи хонадони Шоул, ки Шимъӣ ибни Ҷеро ном дошт, аз он ҷо берун омад, — вай берун омада, дашном медод, 6 Ва ба Довуд ва ба ҳамаи навкарони подшоҳ Довуд санг меандохт, дар сурате ки тамоми қавм ва ҳамаи паҳлавонон ба тарафи рост ва чапи ӯ буданд. 7 Ва Шимъӣ дашном дода, чунин мегуфт: «Дафъ шав, дафъ шав, эй одамкуш ва нобакор! 8 Худованд тамоми хуни хонадони Шоулро, ки дар ҷояш салтанат рондаӣ, бар ту баргардонидааст, ва Худованд салтанатро ба дасти писарат Абшолӯм супурдааст, ва инак, ту гирифтори фалокат шудаӣ, зеро ки ту одамкуш ҳастӣ». 9 Ва Абишой ибни Саруё ба подшоҳ гуфт: «Чаро ин саги мурда оғоям подшоҳро дашном диҳад? Изн бидеҳ, то ки рафта, сарашро аз танаш ҷудо кунам». 10 Вале подшоҳ гуфт: «Шуморо бо ман чӣ кор аст, эй писарони Саруё? Бигзор вай дашном додан гирад, зеро ки Худованд ба вай амр фармудааст: „Довудро дашном бидеҳ!“ Пас, кист, ки бигӯяд: „Чаро чунин амал мекунӣ?“» 11 Ва Довуд ба Абишой ва ба ҳамаи навкаронаш гуфт: «Модоме ки писари ман, ки аз камарам рӯидааст, қасди ҷони ман дорад, пас алалхусус ҳоло аз биньёминӣ чӣ ҷои гила аст! Варо бигзоред, ки дашном диҳад, зеро ки Худованд ба вай амр фармудааст. 12 Шояд, Худованд залолати маро бубинад, ва Худованд дар бадали дашноми имрӯзаи вай ба ман подоши неке бидиҳад». 13 Ва Довуд бо одамонаш дар роҳ равона буд, ва Шимъӣ аз ҷониби кӯҳ дар рӯ ба рӯи ӯ мерафт, — мерафту дашном медод, ва ба тарафи ӯ санг меандохт, ва хок мепошид. 14 Ва подшоҳ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ҳалоку монда шуда омаданд, ва дар он ҷо дам гирифтанд. 15 Ва Абшолӯм ва тамоми қавм, яъне мардуми Исроил, ба Ерусалим омаданд; ва Аҳитӯфал бо ӯ буд. 16 Ва ҳангоме ки Ҳушои аркӣ, дӯсти Довуд, назди Абшолӯм омад, — Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Зинда бод подшоҳ! Зинда бод подшоҳ!» 17 Ва Абшолӯм ба Ҳушой гуфт: «Оё эҳсони ту ба дӯстат ҳамин аст? Чаро бо дӯсти худ нарафтӣ?» 18 Ва Ҳушой ба Абшолӯм гуфт: «Не, балки касеро, ки Худованд, ва ин қавм, ва тамоми мардуми Исроил баргузида бошанд, — ман навкари ӯ хоҳам буд, ва назди ӯ хоҳам монд. 19 Ва сониян, ман назди кӣ хизмат хоҳам кард? Оё на назди писари ӯ? Пас, чунон ки ба ҳузури падари ту хизмат кардаам, ончунон дар ҳузури ту хоҳам буд». 20 Ва Абшолӯм ба Аҳитӯфал гуфт: «Шумо машварат диҳед, ки чӣ кор кунем». 21 Ва Аҳитӯфал ба Абшолӯм гуфт: «Назди сурриягони падарат, ки барои нигоҳубини хона гузоштааст, дохил шав, ва тамоми Исроил хоҳанд шунид, ки барои падарат нафратангез гардидаӣ, ва он гоҳ дасти ҳамаи онҳое ки ҳамроҳи ту ҳастанд, қавӣ хоҳад шуд». 22 Ва барои Абшолӯм хаймае бар бом барафроштанд, ва Абшолӯм пеши назари тамоми Исроил назди сурриягони падараш дохил шуд. 23 Ва машваратҳое ки Аҳитӯфал дар он айём медод, мисли он буд, ки касе каломи Худоро пурсида бошад; ҳар машварате ки Аҳитӯфал чи ба Довуд, чи ба Абшолӯм медод, ҳамин тавр буд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden