2 Петрус 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Дар бораи муаллимони козиби фосиқ ва доварӣ бар онҳо. 1 Аммо дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард. 2 Ва бисьёр касон фисқу фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд. 3 Ва аз рӯи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст. 4 Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки онҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд; 5 Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолат буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард; 6 Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод, 7 Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, — 8 Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд, — 9 Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад, 10 Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои қабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохӣ ва худсарӣ мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд, 11 Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд. 12 Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф таваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд, 13 Ва подоши шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои худ лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд. 14 Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд. Анбиёи козиб, мисли Билъом, роҳи ростро тарк мекунанд. 15 Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд ва аз паи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт. 16 Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан ронда, девонагии набиро боздошт. 17 Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онхо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст. Муаллимони козиб бо қиёфаи олимонаи дабдабанок озодиро ваъда медиҳанд ва касони дар имон ноустуворро ба дом медароваранд. 18 Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд; 19 Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст. 20 Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад. 21 Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба онҳо супурда шудааст, рӯй гардонанд. 22 Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: «Саг ба қаи худ баргашт», ва: «Хук баъд аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden