Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Петрус 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Омода шудан ба анҷоми наҷот.

1 Шимъӯни Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул карданд:

2 Файз ва осоиштагӣ дар шинохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод.

3 Азбаски қуввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст,

4 Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илохӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед, —

5 Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ — хирадмандиро,

6 Ба хирадмандӣ — порсоиро, ба порсоӣ — тоқатро, ба тоқат — парҳезгориро,

7 Ба парҳезгорӣ — бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ — муҳаббатро.

8 Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар наҳоҳед монд;

9 Вале дар ҳар кӣ ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд.

10 Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд,

11 Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд.

12 Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед.

13 Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам,

14 Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст.

15 Ва саъю кӯшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.


Дигаргун шудани Исо пешгӯиест дар бораи бори дуюм бо ҷалол омадани Ӯ.

16 Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем.

17 Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».

18 Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем.

19 Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;

20 Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад;

21 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan