Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Қӯринтиён* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НӮҲУМ Калисои Қӯринтӯс дар ҷамъ кардани ионатҳо ҷидду ҷаҳди зиёде мекард.

1 Дар бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист,

2 Зеро ҷидду ҷаҳди шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва иштиёқи шумо аксарияти онҳоро ба шавқ овард.

3 Бародаронро барои он фиристодам, ки фахре ки мо аз шумо дорем, беҳуда набарояд, то ки шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед,

4 То ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо нотайёр ёбанд, мо, — намегӯям, ки «шумо», — аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем.

5 Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хайроти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.


Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.

6 Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад.

7 Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.

8 Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед,

9 Чунон ки навишта шудааст: «Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; кори хайраш то абад қоим аст».

10 Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард,

11 То ки шумо дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат бой гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад.

12 Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад;

13 Зеро ки, дар натиҷаи ин хизмат, онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои итоати шумо ба Инҷиле ки пайравӣ менамоед, ва барои ҳиммати шумо дар ширкате ки бо онҳо ва бо ҳама доред,

14 Ва онҳо дар дуое ки дар ҳаққи шумо мегӯянд, барои файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, иштиёқманди шумо мебошанд.

15 Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan