Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

2 Қӯринтиён* 6 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШАШУМ Қуввати хизматгузорӣ ба Худо аз каломи ростӣ иборат аст.

1 Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.

2 Зеро ки Ӯ мегӯяд: «Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам». Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.

3 Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад,

4 Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,

5 Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо,

6 Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бериё,

7 Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,

8 Дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем;

9 Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама машҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем;

10 Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьёр касонро сарватдор мегардонем; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.


Имондорон аз палид шудан ба воситаи гуноҳкорон худро бояд нигоҳ доранд.

11 Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст.

12 Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.

13 Дар ивази ин, — чун ба фарзандони худ мегӯям, — шумо низ бояд фарохдил бошед.

14 Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?

15 Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад?

16 Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.

17 Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;

18 Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ».

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan