2 Қӯринтиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Қӯринтиён номаи муаррифии ҳавворӣ мебошанд; ӯ ба ҳеҷ номаи дигар эҳтиёҷ надорад. 1 Наход ки мо боз ҳудро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем? 2 Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд; 3 Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиёҳӣ, балки бо Рӯҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст. 4 Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ, 5 На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост, Хизматгузории Аҳди Ҷадид аз ҳарфи мурдаи шариат иборат нест. 6 Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад. 7 Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣ‐Исроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки фонӣ буд, — 8 Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад? 9 Зеро, агар хизмати маҳкумкунӣ ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад. 10 Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт. 11 Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад. 12 Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем, 13 Ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то ки банӣ‐Исроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд. 14 Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад. 15 То имрӯз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст; 16 Аммо вақте ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад. 17 Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист. 18 Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden