2 Қӯринтиён* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Қуввати файзи Масеҳ дар заъфи имондор ба амал меояд. 1 Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям. 2 Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — то осмони сеюм бурда шуд. 3 Ва ин шахсро мешиносам, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — 4 Ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони молокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода намояд. 5 Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам. 6 Зеро, агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад. 7 Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам. 8 Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад, 9 Вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. 10 Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам. 11 Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам: 12 Нишонаҳои ҳавворӣ дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломот, мӯъҷизот ва қувваҳо нишон дода шуд. 13 Зеро дар чӣ шумо аз калисоҳои дигар камӣ доред? Магар фақат дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам? Ин гуноҳи маро афв намоед! Павлуси ҳавворӣ барои ибрат гирифтани имондорон нома менависад. 14 Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон. 15 Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод, қатъи назар аз он ки ба бадали муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам. 16 Фарз кунем, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси муғамбир, шуморо бо макр ба дом даровардаам. 17 Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам? 18 Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам: магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ рафтор накардем? 19 Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост. 20 Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавҷуд бошад; 21 Мабодо боз, вақте ки оям, Худои ман маро назди шумо ҳақир созад, ва ман азо гирам барои бисьёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, зино ва фисқу фуҷуре ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden