2 Қӯринтиён* 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДАҲУМ Ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад. 1 Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям, 2 Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созам, ки ба гумонашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем. 3 Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем; 4 Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо; 5 Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем, 6 Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад. 7 Оё аз рӯи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем. 8 Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил нахоҳам шуд, 9 То ба назар чунин нанамояд, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам, 10 Чунки мегӯянд: «Дар номаҳо ӯ ҷиддӣ ва зӯровар аст, аммо ҳузури шахсии ӯ заиф, ва нутқаш ночиз аст». 11 Чунин шахс бидонад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан, дар хузури шахсӣ низ ҳамон гунаем. 12 Зеро ки мо ҷуръат намекунем худро бо касони худсито муқоиса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд. 13 Лекин мо берун аз андоза фахр наҳоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем. 14 Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем. 15 Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт, 16 То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем. 17 Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фахр кунад. 18 Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden