2 Қӯринтиён* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Худо — Падари марҳамат ва ҳар тасалло. 1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд: 2 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло, 4 Ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем. 5 Зеро ба андозае ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд. 6 Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост; 7 Ва умеди мо дар бораи шумо устувор аст, зеро медонем, ки ҳам дар уқубатҳо ва ҳам дар тасалло шумо шарик ҳастед. 8 Зеро намехоҳем, ки шумо, эй бародарон, аз андӯҳе ки дар вилояти Осиё ба сари мо афтод, бехабар бошед, ки он бар мо аз ҳад зиёд, ба андозаи аз қувва берун гарон омад, ба тавре ки аз зиндагӣ ҳам умеди худро кандем; 9 Ва мо дар дили худ ҳукмномаи мамотро доштем, то ки ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳьёкунандаи мурдагон, 10 Ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард, 11 Бо мадади дуое ки шумо низ барои мо мегӯед, то ки барои он эҳсоне ки бо шафоати касони бисьёр ба мо ато шудааст, касони бисьёр барои мо шуқргузор бошанд. 12 Зеро фахри мо ин аст, ки виҷдони мо шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҷаҳон, алалхусус ба шумо дар беайбӣ ва самимияти илоҳӣ рафтор кардаем, ва ин ба воситаи ҳикмати ҷисмонӣ набуд, балки аз файзи Худо буд. Ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Исои Масеҳ аст. 13 Ва мо маҳз онро ба шумо менависем, ки шумо мехонед ва мефаҳмед, ва умедворам, ки то ба охир хоҳед фаҳмид, 14 Чунон ки ҳоло қисман фаҳмидаед, ки мо барои шумо мавриди фахр хоҳем буд, чунон ки шумо низ барои мо, дар рӯзи Масеҳи Худованди мо. 15 Ва бо ҳамин эътимод ман ният доштам аввал назди шумо биёям, то ки дубора файз ёбед, 16 Ва аз мавзеи шумо ба Мақдуния гузашта равам ва боз аз Мақдуния назди шумо биёям, ва шумо маро ба Яҳудо гусел кунед. 17 Пас, модоме ки чунин ният доштам, оё бемулоҳиза рафтор кардам? Ё ки он чи ман иқдом менамоям, оё ба ҳасби ҷисм иқдом менамоям, ба тавре ки дар ман гоҳ «оре, оре», гоҳ «не, не» мешавад? 18 Худо амин аст, ки сухани мо ба шумо гоҳ «оре», гоҳ «не» набуд. 19 Зеро Писари Худо Исои Масеҳ, ки мо, яъне ман ва Силвонус ва Тимотиюс, дар миёни шумо Ӯро мавъиза намудаем, «оре» ва «не» набуд, балки дар Ӯ фақат «оре» буд, — 20 Зеро ки ҳамаи ваъдаҳои Худо дар Ӯ «оре» буд ва дар Ӯ «омин» буд, — барои ҷалоли Худо, ба воситаи мо. 21 Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост, 22 Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст. 23 Ман Худоро ба шоҳидӣ бар ҷони худ даъват менамоям, ки шуморо амон дода, то ҳол ба Қӯринтӯс наомадаам, 24 На ба он сабаб ки гӯё мо бар имони шумо ҳукмфармо мешуда бошем; балки мо ба шодмонии шумо мадад мерасонем, зеро ки шумо ба василаи имон устувор ҳастед. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden