1 Юҳанно 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Исо Шафоатгари мо ба хузури Падар аст. 1 Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. 2 Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ. Касе ки каломи Худоро риоят мекунад, дар нур сокин аст. 3 Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем. 4 Касе ки гӯяд: «Ман Ӯро мешиносам», аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест. 5 Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем. 6 Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард. Муҳаббати бародарӣ ҳукми тозаест барои фарзандони нур. 7 Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед. 8 Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад. 9 Ҳар кӣ гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст. 10 Касе ки бародари худро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест. 11 Вале касе ки аз бародари ҳуд нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст. 12 Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ӯ омурзида шудааст. 13 Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо иблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менависам, чунки шумо Падарро шинохтаед. 14 Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед. Тарк кардани муҳаббати ҷаҳон. 15 Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; 16 Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст. 17 Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист. Ҷудо шудан аз зиддимасеҳ. 18 Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст. 19 Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд. 20 Валекин шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед. 21 Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест. 22 Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад. 23 Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад. 24 Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд. 25 Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист. 26 Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд. 27 Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед. 28 Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вақти омадани Ӯ хиҷил нашавем. 29 Агар донистаед, ки Ӯ одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden