1 Юҳанно 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Шаҳодати ҳавворӣ дар бораи Каломи ҳаёт. 1 Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони ҳуд дидаем ва муроқиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт, — 2 Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, — 3 Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст. 4 Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад. Мушоракат бо Худо дар нур зистан ва эътироф кардани гуноҳҳоро металабад. 5 Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест. 6 Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем; 7 Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд. 8 Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест. 9 Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд. 10 Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden