1 Вақоеънома 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Насли Довуд. Подшоҳони Яҳудо. 1 Ва писарони Довуд, ки барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, инҳо буданд: нахустзодааш Амнӯн аз Аҳинӯами изреъилӣ; дуюмин — Дониёл аз Абиҷайли кармилӣ; 2 Сеюмин — Абшолӯм ибни Маъко бинти Талмой, подшоҳи Ҷашур; чорумин — Адӯниё ибни Ҳаҷҷит; 3 Панҷумин — Шафатьё аз Абитол; шашумин — Йитреом аз зани ӯ Эҷло. 4 Ин шаш нафар барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, ки дар он ҷо ӯ ҳафт сол ва шаш моҳ подшоҳ буд, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард. 5 Ва инҳо барои ӯ дар Ерусалим таваллуд ёфтанд: Шимъо ва Шубоб ва Нотон ва Сулаймон — чор нафар аз Бат‐Шуо бинти Амиил; 6 Ва Йибҳор ва Элишомоъ ва Элифолат; 7 Ва Нӯҷа ва Нофаҷ ва Ёфиа; 8 Ва Элишомоъ ва Эльёдоъ ва Элифолат — нӯҳ нафар. 9 Ҷамъи писарони Довуд ҳаминҳо буданд, ғайр аз писарони сурриягон ва хоҳарашон Томор. 10 Ва писари Сулаймон — Раҳабъом, писараш Абиё, писараш Осо, писараш Еҳӯшофот, 11 Писараш Еҳӯром, писараш Аҳазьёҳу, писараш Юош, 12 Писараш Амасьё, писараш Азарьё, писараш Ютом; 13 Писараш Оҳоз, писараш Ҳизқиё, писараш Менашше; 14 Писараш Омӯн, писараш Йӯшиёҳу. 15 Ва писарони Йӯшиёҳу: нахустзодааш Йӯҳонон, дуюмин — Еҳӯёқим, сеюмин — Сидқиё, чорумин — Шаллум. 16 Ва писарони Еҳӯёқим: писараш Еконьё, писараш Сидқиё. 17 Ва писарони Еконьё: Асир, писараш Шаалтиил; 18 Ва Малкиром ва Фадоё ва Шенъасар, Еқамьё, Ҳӯшомоъ ва Надабьё. 19 Ва писарони Фадоё: Зарубобил ва Шимъӣ; ва писарони Зарубобил: Машуллом ва Ҳананьё, ва хоҳарашон Шелӯмит; 20 Ва Ҳашубо ва Ӯҳил ва Боракьё ва Ҳасадьё, Юшаб‐Ҳосад — панҷ нафар. 21 Ва писарони Ҳананьё: Фалатьё ва Ишаъё; писараш Рафоё, писараш Арнон, писараш Убадьё, писараш Шаканьё. 22 Ва писари Шаканьё: Шамаъё; ва писарони Шамаъё: Ҳаттуш ва Йиҷъол ва Борияҳ ва Наарьё ва Шафот — шаш нафар. 23 Ва писарони Наарьё: Эльйӯэнай ва Ҳизқиё ва Азриқом — се нафар. 24 Ва писарони Эльйӯэнай: Ҳӯдавьёҳу ва Эльёшиб ва Фалоё ва Аққуб ва Йӯҳонон ва Далоё ва Анонӣ — ҳафт нафар. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden