Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Тимотиюс* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Дар бораи унвонҳо дар Калисо. 1. Дар бораи пирамардон ва ҷавонон.

1 Пирамардро мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;

2 Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ.

3 Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо.

4 Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.

5 Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,

6 Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр могузаронад, зинда ба зинда мурдааст.

7 Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд.

8 Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.

9 Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад

10 Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад.

11 Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд;

12 Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд;

13 Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, — ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суҳаноне мегӯянд, ки шоиста нест.

14 Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад:

15 Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.

16 Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.


2. Дар бораи пирон.

17 Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд.

18 Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд»; ва боз: «Меҳнаткаш музди худро сазовор аст».

19 Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.

20 Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд.

21 Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намоӣ ва ҳеҷ коре бо рӯйбинӣ накунӣ.

22 Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.

23 Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.

24 Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад.

25 Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пинҳон монда наметавонад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan