Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Тимотиюс* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ Огоҳонидан аз парҳези риёкорона.

1 Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,

2 Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,

3 Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.

4 Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,

5 Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.


Дар бораи диндорӣ ва баракоти он.

6 Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.

7 Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;

8 Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.

9 Дуруст аст ин сухан ва сазовори қабули куллӣ.

10 Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.

11 Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.

12 Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.

13 То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав.

14 Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.

15 Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.

16 Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan