1 Тимотиюс* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ Дар бораи мансабҳои калисо. 1. Дар бораи усқуфҳо. 1 Чунин суҳан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори ҳубе орзу мекунад. 2 Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад; 3 На моили шаробнӯшӣ, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст; 4 Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад; 5 Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамҳорӣ карда метавонад? 6 Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери ҳукми иблис афтад. 7 Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад. 2. Дар бораи дьяконҳо. 8 Лозим аст, ки дьяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор, 9 Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд. 10 Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, ҳизмат кунанд. 11 Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад. 12 Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд; 13 Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд. 3. Калисо буньёди ростист. 14 Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям. 15 Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист. 16 Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden