Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Тимотиюс* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Дастурҳо барои ҷамъомадҳои ибодати Худо. 1. Дуо барои ҳамаи одамон.

1 Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,

2 Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;

3 Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,

4 Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.

5 Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,

6 Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,

7 Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, — дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ не.


2. Рафтори мардон ва занон.

8 Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;

9 Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,

10 Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.

11 Бигзор зан дар хомӯшӣ бо камоли итоат таълим гирад;

12 Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.

13 Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво;

14 Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор шудааст;

15 Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва кудсият бо исмат қоим бошад.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan