Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Таслӯникиён* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Имондорон бояд дар интизори рӯзи Худованд бедор бошанд.

1 Аммо дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,

2 Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб.

3 Чун бигӯянд: «Осоиштагӣ ва амният», — он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.

4 Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд;

5 Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.

6 Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.

7 Зеро ки хобидагон шабона мехобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;

8 Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем,

9 Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,

10 Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем.

11 Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.


Насиҳат. Саломҳо.

12 Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,

13 Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.

14 Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.

15 Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ, бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.

16 Ҳамеша шод бошед.

17 Пайваста дуо гӯед.

18 Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.

19 Рӯҳро хомӯш накунед.

20 Нубувватҳоро хор нашуморед.

21 Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи ҳубро нигоҳ доред.

22 Аз ҳар гуна бадӣ худдорӣ кунед.

23 Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.

24 Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.

25 Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.

26 Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед.

27 Шуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас бихонед.

28 Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan