1 Таслӯникиён* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРУМ Даъват ба қудсият. 1 Ва боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред; 2 Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем. 3 Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед; 4 Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад, 5 На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд; 6 Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем. 7 Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба кудсият даъват кардааст. 8 Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст. 9 Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед; 10 Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред 11 Ва саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем, 12 То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед. Тасалло дар хусуси қисмати имондороне ки то омадани дуюми Худованд мемиранд. 13 Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. 14 Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард. 15 Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқӣ мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард, 16 Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаанд, аввал эҳьё хоҳанд шуд; 17 Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд. 18 Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden