Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Таслӯникиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУЮМ Ҳаввориёни Масеҳ ҷалолро барои худашон не, балки барои Худо толибанд.

1 Худи шумо, эй бародарон, медонед, ки омадани мо назди шумо бе натиҷа набуд;

2 Мо пеш аз он дар Филиппӣ, чунон ки медонед, азобу уқубат кашида, гирифтори таҳқир шуда будем, вале дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем.

3 Зеро ки исрори мо аз рӯи иштибоҳ ё нопокӣ ё макр нест,

4 Балки, чӣ тавре ки Худо моро лоиқ донист, ки башорат ба мо супурда шавад, ҳамон тавр мо сухан меронем ва толиби он нестем, ки ба одамон писанд оем, балки ба Худое ки дилҳои моро имтиҳон мекунад.

5 Зеро ки мо ҳаргиз, чунон ки медонед, бо тамаллуқ гап назадаем ва ба чизе тамаъ накардаем — Худо шоҳид аст! —

6 Ва ҷалолро аз одамизод толиб нашудаем, на аз шумо ва на аз дигарон.

7 Мо, ҳамчун ҳаввориёни Масеҳ, метавонистем бо иҳтиёру қудрат рафтор кунем, аммо дар миёни шумо мулоим будем, монанди дояе ки кӯдакони худро навозиш мекунад.

8 Мо чунон ба шумо дил бастаем, ки хостем ба шумо на танҳо башорати Худоро бидиҳем, балки ҷонҳои худро низ дар роҳи шумо фидо созем, азбаски шумо ба мо азиз будед.

9 Зеро ки шумо, эй бародарон, заҳмат ва ранҷи моро дар ҳотир доред: шабу рӯз кор кардем, бе он ки ба касе аз шумо гаронӣ кунем, мо башорати Худоро ба шумо мавъиза менамудем.

10 Шумо шоҳид ҳастед ва Худо низ, ки чӣ гуна пеши шумо, имондорон, мо муқаддасона ва одилона ва бенуқсон рафтор кардем;

11 Ва шумо медонед, ки чӣ гуна ҳар яке аз шуморо, мисли падар фарзандони худро,

12 Насиҳат медодем, дилдорӣ мекардем ва вазифадор менамудем, ки муносиби Худо, ки шуморо ба Малакут ва ҷалоли Худ даъват менамояд, рафтор кунед.

13 Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.

14 Зеро ки шумо, эй бародарон, ба калисоҳои Худо, ки дар Яҳудо дар Исои Масеҳ мебошанд, тақлид намудед, чунки шумо аз дасти ҳамватанони худ ҳамон уқубатро дидаед, ки онҳо низ аз дасти яҳудиён дидаанд,

15 Ки Исои Худованд ва анбиёро куштанд, ва моро гирифтори таъқибот карданд, ва дар назари Худо писанд намеоянд, ва ба ҳамаи одамон муқобиланд,

16 Ва ба мо монеъ мешаванд ба халқҳо бигӯем, ки наҷот ёбанд, ва ба ин васила ҳамеша зарфи гуноҳҳои худро лабрез мекунанд; аммо, ниҳоят, ба ғазаб гирифтор шуданд.


Пазмонии Павлус ба таслӯникиён.

17 Лекин мо, эй бародарон, баъд аз он ки ба муддати кӯтоҳе ҷисман, на қалбан, аз шумо ҷудо шудем, бо иштиёқи зиёдтар саъю кӯшиш намудем, ки рӯи шуморо бубинем,

18 Ва ба ин сабаб мо, — яъне ман, Павлус, — як‐ду маротиба хостем назди шумо биёем, вале шайтон ба мо монеъ шуд.

19 Зеро кист умеди мо, ё шодмонии мо, ё тоҷи фахри мо дар ҳузури Худованди мо Исои Масеҳ дар вақти омадани Ӯ — оё шумо нестед?

20 Оре, шумо ҷалол ва шодмонии мо ҳастед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan