1 Таслӯникиён* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Ҳавворӣ барои ҳаёти намунавии имони таслӯникиён шукргузорӣ менамояд. 1 Павлус ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. 2 Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем, 3 Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем, 4 Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед; 5 Зеро ки башорати мо назди шумо на танҳо дар суҳан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем. 6 Ва шумо тақлидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед, 7 Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед. 8 Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигӯем. 9 Зеро вақте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо доҳил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед 10 Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden