1 Подшоҳон 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЁЗДАҲУМ Ғалабаи Шоул назди Ёбиш‐Ҷилъод. 1 Ва Ноҳоши аммӯнӣ баромада, назди Ёбиш‐Ҷилъод ӯрду зад; ва тамоми мардуми Ёбиш ба Ноҳош гуфтанд: «Бо мо аҳд бибанд, ва мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард». 2 Ва Ноҳоши аммӯнӣ ба онҳо гуфт: «Бо чунин шарт бо шумо аҳд хоҳам баст, ки чашми рости ҳар яке аз шумо канда шавад; ва шуморо нанге бар тамоми Исроил хоҳам гардонид». 3 Ва пирони Ёбиш ба ӯ гуфтанд: «Ба мо ҳафт рӯз мӯҳлат бидеҳ, то ки ба тамоми ҳудуди Исроил қосидон бифиристем, ва агар наҷотдиҳандае барои мо ёфт нашавад, пеши ту берун хоҳем омад». 4 Ва қосидон ба Ҷибъои Шоул омада, ин суханонро ба гӯши қавм расониданд; ва тамоми қавм овози худро баланд карда, гиристанд. 5 Ва инак, Шоул дар ақиби говон аз саҳро омад, ва Шоул гуфт: «Қавмро чӣ шудааст, ки мегирьянд?» Ва суханони мардуми Ёбишро ба ӯ ҳикоят карданд. 6 Ва ҳангоме ки Шоул ин суханонро шунид, Рӯҳи Худо бар ӯ нозил шуд, ва ғазабаш бағоят аланга зад. 7 Ва ҷуфти говонро гирифта, пора‐пора кард, ва ба воситаи қосидон ба тамоми ҳудуди Исроил фиристода, гуфт: «Касе ки аз паи Шоул ва аз паи Самуил берун наояд, ба говонаш ҳамин тавр карда хоҳад шуд». Ва тарси Худованд бар қавм афтод, ва ҳама мисли як тан берун омаданд. 8 Ва ӯ онҳоро дар Бозақ шумурд, ва банӣ‐Исроил сесад ҳазор, ва мардуми Яҳудо сӣ ҳазор буданд. 9 Ва ба қосидоне ки омада буданд, гуфтанд: «Ба мардуми Ёбиш‐Ҷилъод чунин бигӯед: „Фардо, дар вақти гармии офтоб, барои шумо наҷот хоҳад омад“» Ва қосидон омада, ба мардуми Ёбиш хабар доданд, ва онҳо шодӣ карданд. 10 Ва мардуми Ёбиш гуфтанд: «Фардо пеши шумо берун хоҳем омад, ва ҳар чи дар назаратон писанд ояд, бо мо бикунед». 11 Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Шоул қавмро ба се фавҷ тақсим намуд, ва онҳо дар поси саҳарӣ ба даруни ӯрдугоҳ омаданд, ва то вақти гармии офтоб аммӯниёнро торумор карданд; ва бақияи онҳо пароканда шуданд, ба тавре ки ду нафар аз онҳо дар як ҷо намонданд. 12 Ва қавм ба Самуил гуфтанд: «Кист, ки гуфтааст: „Наход ки Шоул бар мо подшоҳӣ кунад?“ Он касонро бидиҳед, ва мо онҳоро хоҳем кушт». 13 Вале Шоул гуфт: «Касе имрӯз кушта нахоҳад шуд, зеро ки имрӯз Худованд барои Исроил наҷот ба амал овард». 14 Ва Самуил ба қавм гуфт: «Биёед, ба Ҷилҷол биравем, ва салтанатро дар он ҷо аз нав барқарор намоем». 15 Ва тамоми қавм ба Ҷилҷол рафтанд, ва дар он ҷо Шоулро ба ҳузури Худованд дар Ҷилҷол подшоҳ таъин намуданд, ва дар он ҷо ба ҳузури Худованд қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва дар он ҷо Шоул ва тамоми мардуми Исроил ниҳоятдараҷа шод гардиданд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden