1 Петрус 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ Дар бораи нашъунамо ёфтан дар ҳолати масеҳӣ. 1 Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда, 2 Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед, 3 Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст. Қавми Худо бар ҳасби аҳди ҷадид. 4 Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад, 5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед. 6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст: «Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд». 7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст, 8 Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд. 9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, — 10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед. Муҳоҷирати имондорон ҳамчун ғарибон дар он дуньё. 1. Муҳоҷират дар миёни халқҳо. 11 Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед 12 Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд. 2. Ӯҳдадориҳо нисбат ба ҳукуматдорон. 13 Пас, ба хотири Худованд ба ҳар сарвари одамӣ итоат намоед: хоҳ ба подшоҳ, ҳамчун ҳокимияти олӣ, 14 Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд, — 15 Зеро чунин аст иродаи Худо, то ки мо бо некӯкории худ даҳони ҷаҳолати мардуми беандешаро маҳкам кунем, — 16 Ҳамчун касони озод, на ҳамчун касоне ки аз озодӣ барои рӯпӯш кардани бадӣ истифода мебаранд, балки ҳамчун бандагони Худо. 17 Ҳамаро ҳурмат кунед, бародариро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед. 3. Сухане ба хизматгорон: намунаи ибрати Масеҳ дар андӯҳи ноҳақ. 18 Эй хизматгорон, бо камоли тарс ба оғоёни худ итоат намоед, на танҳо ба оғоёни нек ва фурӯтан, балки ба оғоёни сахтгир низ. 19 Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад. 20 Зеро чӣ фахре ҳаст агар шумо барои кирдори бад шаллоқ хӯрда тоқат кунед? Аммо агар барои некӯкорӣ уқубат кашида тоқат кунед, ин мақбули Худост. 21 Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: 22 Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд; 23 Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида, таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд; 24 Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед. 25 Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden