Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Петрус 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЯКУМ Уқубати масеҳиён имонро мустаҳкам мекунад ва сӯи наҷот мебарад.

1 Петрус, ки ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба ғарибоне ки дар вилоятҳои Понтус, Ғалотия, Каппадукия, Осиё ва Битуния пароканда мебошанд,

2 Ва мувофиқи таъиноти пешакии Худои Падар, бо тақдиси Рӯҳ, барои итоат ва пошидани Хуни Исои Масеҳ интиҳоб шудаанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо фаровон бод.


Дар бораи умеди пур аз ҷалоли имондорон.

3 Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда,

4 Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,

5 Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.

6 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед.

7 Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд.

8 Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед

9 Ва ба мақсади имони худ, яъне ба наҷоти ҷонҳотон ноил мешавед.

10 Тафтишот ва тадқиқоти анбиё ба ҳамин наҷот тааллуқ дошт, ва онҳо файзеро, ки барои шумо таъин шуда буд, пешгӯӣ кардаанд.

11 Онҳо тадқиқ намудаанд, ки кадом ва чӣ гуна замонро Рӯҳи Масеҳе ки андаруни онҳо буд, нишон додааст, вақте ки Он аз уқубатҳои Масеҳ ва аз ҷалоле ки баъд аз он фаро хоҳад расид, пешакӣ хабар медод.

12 Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.


Тақдиси имондорон ба воситаи хуни қурбонии Масеҳ.

13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед.

14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,

15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед,

16 Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам».

17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,

18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,

19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,

20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,

21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.

22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,

23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист.

24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ — мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад;

25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan