Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 9 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ НӮҲУМ Намунаи Павлус дар тарккунӣ.

1 Оё ман ҳавворӣ нестам? Оё ман озод нестам? Оё ман Худованди мо Исои Масеҳро надидаам? Оё шумо амали ман дар Худованд нестед?

2 Агар барои дигарон ман ҳавворӣ набошам, барои шумо ҳастам, зеро ки мӯҳри ҳавворияти ман дар Худованд шумо ҳастед.

3 Ҳифзи ман ба муқобили онҳое ки маро мазаммат мекунанд, хамин аст.

4 Оё мо ҳаққи хӯрдан ва нӯшидан надорем?

5 Оё ҳақ надорем, ки мисли ҳаввориёни дигар ва бародарони Худованд ва Кифо завҷаи имондорро ҳамроҳи худ бибарем?

6 Оё танҳо ман ва Барнаббо ҳақ надорем, ки кор накунем?


Онҳое ки Инҷилро мавъиза менамоянд, бояд аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.

7 Кист, ки ягон вақт хизмати сарбозиро бо нафақаи худаш ба ҷо оварда бошад? Кист, ки ток шинонда, аз ангураш намеҳӯрда бошад? Кист, ки рамаро чаронда, аз шири рама намехӯрда бошад?

8 Оё инро ман фақат ба таври инсонӣ мегӯям? Оё шариат низ инро намегӯяд?

9 Зеро ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст: «Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд». Оё Худо дар бораи барзаговон ғамҳорӣ мекунад?

10 Ё ки, албатта, барои мо гуфта шудааст? Оре, ин барои мо навишта шудааст; зеро ки шудгоркунанда бояд бо умед шудгор кунад, ва хирманкӯб — бо умеди гирифтани саҳми худ хирман кӯбад.

11 Модоме ки мо дар миёни шумо чизҳои рӯҳониро коштаем, оё ин як кори бузург аст, ки агар назди шумо чизҳои ҷисмониро дарав кунем?

12 Агар дигарон назди шумо ҳақ дошта бошанд, оё ҳаққи мо зиёдтар нест? Лекин мо аз ин ҳақ истифода набурдем, балки ҳар чизро тоқат мекунем, то ки ба башорати Масеҳ ҳеҷ мамониате нарасонем.

13 Магар намедонед, ки онҳое ки дар маъбад хизмат мекунанд, аз маъбад мехӯранд? Ва ходимони қурбонгоҳ аз қурбонгоҳ ҳиссае мегиранд?

14 Ҳамчунин Худованд фармудааст, ки воизони Инҷил аз башорат додани Инҷил зиндагӣ кунанд.

15 Лекин ман аз инҳо ҳеҷ якеро истифода накардаам. Ва инро на аз барои он навиштаам, ки барои ман ҳамин тавр бошад; зеро барои ман мурдан беҳтар аст аз он ки касе ин фахри маро нест кунад.

16 Зеро, агар башорат диҳам, ин барои ман сабаби фахр нест, чунки ин барои ман як кори воҷибист: вой бар ҳоли ман, агар башорат надиҳам!

17 Зеро, агар инро ба таври ихтиёрӣ ба ҷо оварам, мукофот мегирам; лекин агар ба таври ғайриихтиёрӣ бошад, ин як вазифаи маъмуриест, ки ба зиммаи ман гузошта шудааст.

18 Пас мукофоти ман чист? Он аст, ки Инҷилро мавъиза намуда, дар бораи Масеҳ бемузд башорат медиҳам ва аз ҳаққи башоратдиҳандагии худ истифода намебарам.


Намунаи хизматгузории ҳақиқӣ.

19 Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям;

20 Барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям;

21 Барои бешариатон чун бешариат шудам, — гарчанде ки ман пеши Худо бешариат нестам, балки аз аҳли шариати Масеҳам, — то ки бешариатонро ҷалб намоям;

22 Барои нотавонон чун нотавон шудам, то ки нотавононро ҷалб намоям. Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.

23 Инро ман барои Инҷил мекунам, то ки шарики баракоти он бошам.

24 Оё намедонед, ки давандагони майдони мусобиқа ҳама медаванд, аммо фақат як нафар мукофот мегирад? Ҳамин тавр бидавед, то ки соҳиби он гардед.

25 Ҳамаи риёзаткашон аз ҳар чиз худдорӣ мекунанд: онҳо барои гирифтани тоҷи фонӣ, лекин мо барои гирифтани тоҷи ғайрифонӣ.

26 Бинобар ин ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад;

27 Балки ҷисми худро азоб медиҳам ва ғулом мегардонам, то ки ба дигарон мавъиза намуда, худам маҳрум набошам.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan