Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 8 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ҲАШТУМ Дар бораи истеъмоли қурбониҳои бутҳо.

1 Дар бораи қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки ҳамаамон соҳиби дониш ҳастем. Дониш мағрур мегардонад, аммо муҳаббат обод мекунад.

2 Агар касе гумон кунад, ки ягон чизро медонад, ӯ ҳанӯз ҳеҷ чизро ончунон ки донистанаш лозим аст, намедонад;

3 Аммо касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст.

4 Пас, дар бораи хӯрдани қурбониҳои бутҳо мо медонем, ки бут дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ва ҷуз Худои Ягона худои дигаре нест.

5 Зеро, ҳар чанд ба ном худоён чи дар осмон, чи дар замин ҳастанд, — чунки худоёни бисьёр ва худовандони бисьёр ҳастанд, —

6 Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.

7 Аммо ҳама дорои ин дониш нестанд: баъзе касон то алҳол, аз рӯи одати деринаи бутпарастӣ, ин хӯрокро чун қурбонии бут мехӯранд, ва виҷдони онҳо, ки нотавон аст, наҷис мешавад.

8 Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.

9 Аммо боҳабар бошед, ки ин озодии шумо сабаби васвасаи нотавонон нашавад.

10 Зеро, агар касе туро, ки соҳиби дониш ҳастӣ, бубинад, ки дар сари суфраи бутхона нишастаӣ, оё виҷдони ӯ, ки нотавон аст, ӯро низ ба хӯрдани қурбониҳои бутҳо моил намекунад?

11 Ва аз дониши ту он бародари нотавон, ки Масеҳ барои ӯ мурд, нобуд мешавад.

12 Ва ба ин тариқа бар зидди бародарон гуноҳ карда ва ба виҷдони нотавони онҳо осеб расонда, шумо бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед.

13 Бинобар ин, агар хӯрок бародари маро ба васваса меандохта бошад, ҳаргиз гӯшт намехӯрам, то ки бародари худро ба васваса наандозам.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan