1 Қӯринтиён* 7 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ҲАФТУМ Никоҳ ва муҷаррадӣ. 1 Дар бораи он чи ба ман навишта будед, барои одам хуб аст, ки ба зан даст нарасонад. 2 Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. 3 Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. 4 Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст. 5 Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду, то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад. 6 Лекин инро ман ба тариқи маслиҳат мегӯям, на ба тариқи фармоиш. 7 Зеро мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд; аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар. 8 Лекин ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям: барои онҳо хуб аст, ки мисли ман бимонанд; 9 Аммо агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор никоҳ кунанд; зеро ки никоҳ кардан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст. Талоқ. 10 Ба онҳое ки никоҳ кардаанд, на ман фармоиш медиҳам, балки Худованд: завҷа аз шавҳараш набарояд, — 11 Ва агар барояд, бояд муҷаррад бимонад, ё ки бо шавҳараш оштӣ шавад, — ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад. 12 Ба дигарон ман мегӯям, на Худованд: агар бародаре завҷаи беимон дошта бошад, ва он завҷа розӣ бошад бо ӯ зиндагӣ кунад, ӯ набояд аз вай ҷудо шавад. 13 Ва завҷае ки шавҳари беимон дошта бошад, ва он шавҳар розӣ бошад бо вай зиндагӣ кунад, вай набояд аз ӯ ҷудо шавад; 14 Зеро ки шавҳари беимон ба воситаи завҷаи имондораш қудсият пайдо мекунад, ва завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсият пайдо мекунад; вагар на фарзандони шумо нопок мебуданд, ва ҳол он ки дар асл онҳо муқаддас ҳастанд. 15 Аммо агар беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад; дар чунин вазъият бародар ё хоҳар дигар вобаста нест; Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст. 16 Зеро аз куҷо ту донӣ, эй завҷа, ки шавҳаратро наҷот хоҳӣ дод? Ё аз куҷо ту донӣ, эй шавҳар, ки завҷаатро наҷот хоҳӣ дод? Имондорон бояд бар ҳасби иродаи Худо рафтор кунанд ва дар ҳамон ҳолате ки даъват шудаанд, бимонанд. 17 Бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ӯро даъват намудааст, бимонад. Дар ҳамаи калисоҳо ман ҳамин тавр дастур медиҳам. 18 Агар шахси махтуне даъват шуда бошад, орзуи номаҳтунӣ накунад; ва агар номахтуне даъват шуда бошад, хатна накунад. 19 Хатна ҳеҷ аст, номахтунӣ ҳам ҳеҷ аст, балки аз ҳама муҳимтар риояи аҳкоми Худост. 20 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, дар ҳамон бимонад. 21 Агар дар ҳолати ғуломӣ даъват шуда бошӣ, нороҳат нашав; балки агар озод шуда тавонӣ ҳам, аз фурсат истифода бар. 22 Зеро ғуломе ки дар Худованд даъват шудааст, озоди Худованд аст; инчунин шаҳси озоде ки даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст. 23 Шумо ба нархи гарон харида шудаед: ғуломи одамон нагардед. 24 Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст, эй бародарон, дар ҳамон назди Худо бимонад. Машваратҳо ба имондорон дар бораи бакорат ва заношӯӣ. 25 Дар хусуси бокираҳо аз Худованд фармоише надорам, лекин, ҳамчун шаҳсе ки аз Худованд марҳамат ёфтааст, ки амин бошад, маслиҳати худро баён мекунам. 26 Пас, ба сабаби тангии вазъияти ҳозира, ман онро беҳтар медонам, ки барои одам хуб аст, агар ҳамон тавр, ки ҳаст, бимонад. 27 Оё зандор ҳастӣ? — толиби талоқ набош. Оё безан ҳастӣ? — толиби зан набош. 28 Аммо агар зандор ҳам шавӣ, гуноҳе намекунӣ; ва агар бокирае ба шавҳар расад, гуноҳе намекунад. Лекин чунин касон дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт; ва ман ба шумо раҳмхӯрӣ мекунам. 29 Ба шумо, эй бародарон, инро мегӯям: вақт танг аст, ба тавре ки зандорон бояд мисли безанон бошанд; 30 Ва гирьёнон мисли он ки гирьён набошанд; ва шоддилон мисли он ки шоддил набошанд; ва харидорон мисли он ки хариде накарда бошанд; 31 Ва онҳое ки аз ин ҷаҳон фоида мебаранд, мисли он ки фоидабар набошанд; зеро ки сурати ин ҷаҳон гузарон аст. 32 Ман хоҳиш дорам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад; 33 Аммо марди зандор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба завҷааш писанд афтад. Дар миёни зани шавҳардор ва бокира ҳам фарқе ҳаст: 34 Зани бешавҳар дар бораи он чи ба Худованд оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба Худованд писанд афтад, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад; аммо зани шавҳардор дар бораи он чи ба ҷаҳон оид аст, ғамхорӣ мекунад, ки чӣ гуна ба шавҳараш писанд афтад. 35 Инро ман ба фоидаи шумо мегӯям, на аз барои он ки банду боре бар шумо андозам, балки барои он ки шумо боодобона ва пай дарҳам дар ибодати Худованд бошед, бе он ки чизе ба ин монеъ шавад. 36 Лекин агар касе рафторашро ба бокираи худ номуносиб донад, ки вай ба синни балоғат расида, бе шавҳар мемонад, бигзор ӯ он чи мехоҳад, бикунад, — гуноҳе намекунад; бигзор онҳо ба шавҳар бирасанд. 37 Аммо касе ки дар дили худ бағоят матин аст ва эҳтиёҷе надорад, балки иродаи қавӣ дошта, дар дили худ азм кардааст, ки бокираи худро нигоҳ дорад, — ӯ кори хуб мекунад. 38 Бинобар ин, касе ки бокираи худро ба шавҳар медиҳад, кори хуб мекунад, ва касе ки ба шавҳар намедиҳад, кори хубтар мекунад. 39 Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад. 40 Лекин, ба фикри ман, вай хушбахттар аст, агар бева бимонад; ва ба гумонам, ман низ Рӯҳи Худоро дорам. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden