Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 5 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ПАНҶУМ Павлуси ҳавворӣ дастур медиҳад, ки касони аз ҷиҳати маънавӣ фосидшударо аз калисо хориҷ кунанд.

1 Овозае ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.

2 Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.

3 Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:

4 Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,

5 Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.

6 Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?

7 Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.

8 Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши шарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.

9 Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;

10 Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромризқон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки аз ҷаҳон берун шавед;

11 Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.

12 Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?

13 Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan