Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 4 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЧОРУМ 8. Хизматгузорони Худо фақат ба ҳузури Худо ҷавобгаранд.

1 Пас, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисоб кунад;

2 Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд.

3 Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман чӣ гуна ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам.

4 Зеро ки ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст.

5 Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


9. Ба муқобили ҳавобаландии қӯринтиён.

6 Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апӯллӯс нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки касе бештар аз он чи навишта шудааст, оқилтарошӣ накунад, ва ҳеҷ яке аз шумо дар пеши дигаре бо худ наболад.

7 Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва агар гирифта бошӣ, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифта бошӣ?

8 Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватдор шудаед ва бе мо салтанат меронед. Кошки салтанат мерондед, то ки мо низ бо шумо салтанат ронем!


Намунаи фурӯтанӣ ва сабурии ҳавворӣ.

9 Зеро гумон мекунам, ки Худо мо, ҳаввориёнро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштагон ва ҳам барои одамон, ба тамошогоҳе мубаддал шудаем.

10 Мо ба хотири Масеҳ ҷоҳил ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ ҳаким ҳастед; мо нотавон, лекин шумо тавоно; шумо соҳиби ҷалолат, лекин мо дар залолат.

11 То ҳамин соат гурусна ва ташна, бараҳна ва шаллоқхӯр ва сарсону саргардон ҳастем,

12 Ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем;

13 Ба мо бӯҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем; мо мисли хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем.


10. Павлус падари калисои Қӯринтӯс аст.

14 Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони маҳбуби худ насиҳат медиҳам.

15 Зеро, агарчи шумо ҳазорон носеҳон дар Масеҳ доред, лекин падарони бисьёр надоред: ман шуморо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ба дуньё овардаам.

16 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид менамоям.

17 Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.


Нуфузи ҳавворӣ дар рӯҳи муҳаббат ва мулоимат.

18 Баъзе касон мағрур шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям;

19 Аммо ба қарибӣ, агар Худованд бихоҳад, назди шумо хоҳам омад, ва на сухани мағруронро, балки қуввати онҳоро хоҳам донист,

20 Зеро ки Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.

21 Чиро афзал медонед? Оё бо таёқ назди шумо биёям, ё ки бо муҳаббат ва рӯҳи мулоимат?

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan