1 Қӯринтиён* 3 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ СЕЮМ 5. Ҷудоиҳо дар бораи ҳолати ҷисмонӣ шаҳодат медиҳанд. 1 Ва ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ. 2 Ва шуморо шир хӯрондам, на ғизои сахт, зеро ки шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред, 3 Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед? 4 Зеро, вақте ки яке: «Ман аз они Павлус ҳастам» ва дигаре: «Ман аз они Апӯллӯс» мегӯяд, — оё шумо ҷисмонӣ нестед? 6. Муаллимони масеҳӣ хизматгузорони Худо ҳастанд, на хизматгузорони инсонӣ. 5 Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст. 6 Ман кишт кардам, Апӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид; 7 Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда. 8 Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт. 9 Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед. 10 Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсӣ ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад. 11 Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст. 12 Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чӯб, хасбеда, пахол бино кунад, — 13 Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст. 14 Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт; 15 Ва агар амали касе бисӯзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад. 7. Онҳое ки ба Исо имон доранд, маъбади Худоро ташкил мекунанд. 16 Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст? 17 Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед. 18 Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад. 19 Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: «Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад». 20 Ва боз: «Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст». 21 Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост: 22 Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост; 23 Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ — аз они Худо. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden