1 Қӯринтиён* 2 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ДУЮМ 3. Мавъизаи оддии ҳавворӣ дар бораи Салиби Масеҳ. 1 Ва ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям, 2 Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба ҷуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам; 3 Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам, 4 Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд, 5 То ки имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ёбад. 4. Ҳикмати Худо фақат ба воситаи Рӯҳи Худо дониста мешавад. 6 Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд, 7 Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст, 8 Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд. 9 Аммо, чунон ки навишта шудааст: «Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст». 10 Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад. 11 Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо. 12 Лекин мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем, 13 Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва рӯҳиётро бар тибқи рӯҳ таъбир мекунем. 14 Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад. 15 Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад. 16 Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden