Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 16 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ШОНЗДАҲУМ Пандҳои хотимавии ҳавворӣ. 1. Ҷамъ кардани пул барои калисои Ерусалим.

1 Дар бобати ҷамъ кардани ионат барои муқаддасон шумо ончунон рафтор кунед, чунон ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:

2 Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад.

3 Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шуморо ба Ерусалим бибаранд.

4 Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста шавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳанд рафт.


2. Нақшаҳои сафар. Насиҳатҳо.

5 Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.

6 Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди шумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.

7 Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.

8 Аммо то иди пантикост ман дар Эфсӯс хоҳам монд,

9 Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.

10 Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;

11 Бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ беэътиноӣ накунад, балки ӯро ба саломатӣ гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ӯро бо бародарон мунтазирам.

12 Дар хусуси бародари мо Апӯллӯс бошад, ман аз ӯ бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигӣ надод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, хоҳад омад.

13 Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;

14 Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.

15 Аз шумо, эй бародарон, илтимосе дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастанд ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаанд;

16 Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кӯмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.

17 Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқӯс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур карданд,

18 Зеро ки рӯҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.


3. Саломҳо.

19 Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.

20 Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед.

21 Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.

22 Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното.

23 Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,

24 Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan