1 Қӯринтиён* 14 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЧОРДАҲУМ 4. Бахшоишҳои нубувват ва забонҳо. 1 Дар паи муҳаббат бошед; иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед. 2 Зеро касе ки ба забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай бар тибқи рӯҳ асрорро ба забон меоварад; 3 Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тасаллӣ додан сухан меронад. 4 Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад. 5 Мехоҳам, ки ҳамаатон ба забонҳо сухан ронед; лекин беҳтар аст, ки нубувват кунед, зеро касе ки нубувват мекунад, бузургтар аст аз касе ки ба забонҳо сухан меронад, магар ки вай дар айни ҳол маънидод ҳам кунад, то калисо обод шавад. 6 Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забонҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан ронам? 7 Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, най ё чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ тавр мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд? 8 Ва агар карнай садои номуайяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад? 9 Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чӣ тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд. 10 Масалан, дар дуньё чӣ қадар калимаҳои гуногун ҳаст, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно нест; 11 Аммо, агар ман маънои калимаҳоро надонам, ман барои гӯянда аҷнабӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман аҷнабист. 12 Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед. 13 Бинобар ин касе ки ба забоне сухан меронад, бигзор дар бораи тафсири он тақозо кунад. 14 Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин ақлам бе самар мемонад. 15 Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рӯҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳам хонд. 16 Зеро, агар ту бо рӯҳ баракат диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр «омин» гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯӣ, намефаҳмад. 17 Ту нағз шукргузорӣ мекунӣ, лекин каси дигар обод намешавад. 18 Худоямро шукр мегӯям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо ба забонҳо сухан меронам; 19 Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям. 20 Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед. 21 Дар Таврот навишта шудааст: «Бо забонҳои дигар ва лабҳои дигар ба ин қавм сухан ҳоҳам ронд, лекин дар он вақт ҳам Маро нахоҳанд шунид, мегӯяд Худованд». 22 Пас забонҳо аломат аст на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо нубувват на барои беимонон, балки барои имондорон аст. 5. Дар ҷамъомадҳои имондорон ҳама чиз бояд шоиста ва боадабона бошад. 23 Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронанд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, — оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед? 24 Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад, 25 Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин нихода, ба Худо саҷда мекунаду мегӯяд: «Ҳақиқатан Худо бо шумост». 26 Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, ё ваҳйе, ё тафсире дорад, — бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад. 27 Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисьёраш се нафар, он ҳам ҷудо‐ҷудо, сухан ронед, ва касе тафсир кунад. 28 Ва агар тафсиркунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомӯш монад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гӯяд. 29 Ва аз анбиё бигзор ду ё се нафар сухан ронанд, ва дигарон муҳокима кунанд; 30 Аммо агар ба каси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор аввалин хомӯш шавад. 31 Зеро ҳама паи ҳам метавонед нубувват кунед, то ки ҳама таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд. 32 Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошанд, 33 Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калисоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст. 34 Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомӯш бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд. 35 Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ бипурсанд; зеро ки дар калисо сухан рондани зан аз рӯи одоб нест. 36 Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё ки он танҳо ба шумо расидааст? 37 Агар касе худро набӣ ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, вай бигзор бифаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст; 38 Ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад. 39 Хуллас, эй бародарон, иштиёқманди он бошед, ки нубувват кунед, ва ба забонҳо сухан ронданро манъ накунед; 40 Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд. |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden