Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 13 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ СЕЗДАҲУМ 3. Муҳаббат аҷоибтарин бахшоиши рӯҳонист.

1 Агар ба забонҳои одамон ва фариштагон сухан ронам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман миси ҷарангосзанандае ё санҷи садодиҳандае гардидаам.

2 Агар бахшоиши нубувват дошта бошам, ва тамоми асрорро донам, ва дорои ҳар гуна дониш ва тамоми имон бошам, ба тавре ки кӯҳҳоро кӯчонида тавонам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ман ҳеҷ ҳастам.

3 Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам.

4 Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад,

5 Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад,

6 Аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад;

7 Ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад.

8 Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад, гарчанде ки нубувватҳо хотима хоҳад ёфт, забонҳо хомӯш хоҳад шуд ва дониш ботил хоҳад гашт.

9 Зеро ки мо ба таври ҷузъӣ медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем;

10 Аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад.

11 Вақте ки кӯдак будам, кӯдаквор гап мезадам, кӯдаквор фикр мекардам, кӯдаквор муҳокима мерондам; аммо вақте ки мард шудам, кӯдакиро тарк кардам.

12 Зеро ки мо ҳоло дар оина, ба таври муаммо мебинем, лекин он вақт рӯ ба рӯ хоҳем дид; ҳоло ман ба таври ҷузъӣ медонам, лекин он вақт хоҳам донист ба монанди он ки худам низ дониста шудаам.

13 Аммо ҳоло ин се чиз боқӣ мемонад: имон, умед, муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan