Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 12 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДУВОЗДАҲУМ Дар бораи бахшоишҳои рӯҳонӣ. 1. Бахшоишҳои рӯҳонӣ дар шаклҳои гуногуни худ бояд фақат ба калисо хизмат кунанд.

1 Дар хусуси бахшоишҳои рӯҳонӣ бошад, намехоҳам, ки шумо, эй бародарон, бехабар монед.

2 Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.

3 Бинобар ин шуморо огоҳ менамоям, ки ҳеҷ кас, ки бар тибқи Рӯҳи Худо сухан меронад, наметавонад лаънат бар Исо бигӯяд, ва ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар тибқи Рӯҳулқудс.

4 Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст;

5 Ва хизматҳо гуногун аст, аммо Худованд ҳамон як аст;

6 Ва амалҳо гуногун аст, аммо Худо ҳамон як аст, ки ҳама чизро дар ҳама ба амал меоварад.

7 Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад:

8 Зеро ки ба яке ба воситаи Рӯҳ каломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре — каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;

9 Ба яке — имон, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба дигаре — бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рӯҳ;

10 Ба яке — қудрати мӯъҷизанамо, ба дигаре — нубувват; ба яке — ташхиси арвоҳ, ба дигаре — забонҳои гуногун ва ба сеюмӣ — тафсири забонҳо.

11 Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳ ба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад.


2. Ҳар як имондор узви бадани Масеҳ аст, ки дорои бахшоиши муайяни хизматгузорӣ мебошад.

12 Зеро, чунон ки бадан як аст, лекин узвҳои бисьёр дорад, ва ҳамаи узвҳои як бадан, агарчи бисьёранд, як баданро ташкил мекунанд, — ончунон Масеҳ низ.

13 Зеро ки ҳамаи мо — хоҳ яҳудиён, хоҳ юнониён, хоҳ ғуломон, хоҳ озодон — бар тибқи як Рӯҳ дар як бадан таъмид ёфтаем, ва ҳама аз як Рӯҳ нӯшонида шудаем.

14 Лекин бадан на аз як узв, балки аз узвҳои бисьёр иборат аст.

15 Агар по бигӯяд: «Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам», наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?

16 Ва агар гӯш бигӯяд: «Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман чашм нестам», наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?

17 Агар тамоми бадан чашм бошад, сомеа куҷост? Агар ҳамааш сомеа бошад, шомма куҷост?

18 Аммо Худо ба узвҳо, ба ҳар яке аз онҳо, дар бадан, мувофиқи хости Худ, ҷой додааст.

19 Ва агар ҳама як узв мебуданд, бадан куҷост?

20 Ва инак узвҳо бисьёр аст, лекин бадан як аст.

21 Чашм наметавонад ба даст бигӯяд: «Ту ба ман даркор нестӣ»; ё ки сар низ ба пойҳо бигӯяд: «Шумо ба ман даркор нестед».

22 Баръакс, он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд,

23 Ва дар бораи узвҳое ки наҷобаташон дар бадан ба назари мо камтар аст, бештар ғамхорӣ мекунем;

24 Ва узвҳои бадсурати мо хушнамудтар пӯшонида мешаванд, вале узвҳои хушсурати мо ба ин эҳтиёҷ надоранд. Лекин Худо баданро тавре ба соз овардааст, ки дар бораи узви номукаммалтар ғамхории бештаре талқин намудааст,

25 То ки дар бадан носозӣ пайдо нашавад, балки узвҳо ба якдигар як хел ғамхорӣ кунанд.

26 Ва агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд; ва агар як узв сазовори таҳсин гардад, бо он ҳамаи узвҳо хурсанд мешаванд.

27 Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо‐ҷудо узвҳои Ӯ мебошед.

28 Ва Худо баъзеро дар Калисо аввалан ҳавворӣ, сониян набӣ, солисан муаллим таъин кардааст; баъд қувваҳои мӯъҷизакор, ҳамчунин бахшоишҳои шифо додан, мадад рарасондан, идора кардан ва забонҳои гуногунро бахшидааст.

29 Оё ҳама ҳавворианд? Оё ҳама набианд? Оё ҳама муаллиманд? Оё ҳама мӯъҷизакоранд?

30 Оё ҳама бахшоиши шифодиҳӣ доранд? Оё ҳама ба забонҳо сухан меронанд? Оё ҳама тафсир мекунанд?

31 Иштиёқманди бахшоишҳои бузургтар бошед, ва ман ба шумо роҳи боз ҳам хубтарро нишон хоҳам дод.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan