Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 11 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ЁЗДАҲУМ Тартиби масеҳӣ дар ҷамъомадҳо.

1 Ба ман тақлид кунед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид мекунам.

2 Шуморо, эй бародарон, барои он таҳсин менамоям, ки дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед.

3 Ҳамчунин мехоҳам бидонед, ки сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст, ва сардори Масеҳ Худост.

4 Ҳар марде ки сари пӯшида дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад;

5 Ва ҳар зане ки сари луч дуо гӯяд ё нубувват кунад, сари худро расво мекунад, зеро ин мисли он аст, ки мӯйсараш тарошида шуда бошад;

6 Зеро, агар зан нахоҳад, ки сари худро пӯшонад, бигзор мӯяшро қайчӣ кунад; ва агар зан аз қайчӣ кардан ё тарошидани мӯяш шарм дошта бошад, бигзор сари худро пӯшонад.

7 Хуллас, мард набояд сари худро пӯшонад, чунки ӯ сурат ва ҷалоли Худост; аммо зан ҷалоли мард аст.

8 Зеро ки на мард аз зан аст, балки зан аз мард;

9 Ва на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард.

10 Бинобар ин зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро ба хотири фариштагон дошта бошад.

11 Лекин дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст:

12 Зеро, чунон ки зан аз мард аст, ончунон мард низ ба воситаи зан аст; ва ҳамаи ин аз Худост.

13 Худатон мулоҳиза кунед, ки оё аз рӯи одоб аст, ки зан сари нопӯшида пеши Худо дуо гӯяд?

14 Оё худи табиат шуморо таълим намедиҳад, ки агар мард мӯяшро дароз кунад, ин барои ӯ нанг аст,

15 Аммо агар зан мӯяшро дароз кунад, ин барои вай шаъну шараф аст, чунки мӯй ба вай ба ҷои ҳиҷоб дода шудааст?

16 Ва агар касе мунозира карданӣ бошад, мо ва калисоҳои Худо чунин одат надорем.


Дар бораи бояду шояд ид кардани таоми шоми Худованд.

17 Лекин, ин дастурро дода, шуморо барои он таҳсин намекунам, ки на аз барои некӣ, балки аз барои бадӣ ҷамъ мешавед.

18 Зеро, аввалан, шунидам, ки дар миёни шумо, вақте ки дар калисо ҷамъ мешавед, ихтилофот рӯй медиҳад, ки ба ин ман як қадар бовар мекунам.

19 Зеро ки дар миёни шумо гуногунии ақидаҳо низ бояд бошад, то ки корозмудагон дар миёни шумо зоҳир гарданд.

20 Сонӣ, дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест;

21 Зеро ҳар кас аз дигарон пештар хӯроки худро гирифта мехӯрад, ва яке гурусна мемонад, ва дигаре маст мешавад.

22 Магар шумо хона надоред, ки дар он бихӯред ва бинӯшед? Ё ки ба калисои Худо беэътиноӣ мекунед ва нодоронро хиҷолат медиҳед? Ба шумо чӣ гӯям? Оё барои ин шуморо таҳсин кунам? Таҳсин намекунам.

23 Зеро ман аз Худованд чунин қабул кардам ва ба шумо низ супурдам, ки Исои Худованд дар он шабе ки Ӯро таслим карданд, нонро гирифт

24 Ва баракат дода, пора кард ва гуфт: «Бигиред, бихӯред, ин Бадани Ман аст, ки барои шумо пора карда мешавад; инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред».

25 Ҳамчунин косаро пас аз таоми шом гирифта, гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид аст дар Хуни Ман; инро, ҳар боре ки менӯшед, ба ёдгории Ман ба ҷо оваред.»

26 Зеро ҳар боре ки ин нонро мехӯред ва ин косаро менӯшед, мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд.

27 Бинобар ин ҳар кӣ ба таври ношоиста ин нонро бихӯрад ё косаи Худовандро бинӯшад, бар зидди Бадан ва Хуни Худованд айбдор хоҳад шуд.

28 Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад.

29 Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад.

30 Ба ҳамин сабаб бисьёре аз шумо оҷиз ва бемор ҳастанд, ва бисьёре мурдаанд.

31 Зеро, агар худамон худро доварӣ мекардем, ба доварӣ дучор намешудем.

32 Модоме ки ба доварӣ дучор шудаем, аз ҷониби Худодованд ҷазо мебинем, то ки бо аҳли ҷаҳон маҳкум нагардем.

33 Бинобар ин, эй бародаронам, вақте ки барои таоми шом ҷамъ мешавед, мунтазири якдигар бошед.

34 Ва агар касе гурусна бошад, дар хонааш бихӯрад, то ки ҷамъ шуданатон сабаби маҳкумияти шумо нагардад. Чизҳои дигарро пас аз омаданам дуруст хоҳам кард.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan