Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -

1 Қӯринтиён* 10 - Китоби Муқаддас 1992 1999


БОБИ ДАҲУМ Исроил дар биёбон огоҳие барои имондорон аст.

1 Ман намехоҳам, эй бародарон, ки шумо бехабар бошед аз он ки падарони мо ҳама дар зери абр буданд, ва ҳама аз баҳр убур карданд;

2 Ва ҳама дар абр ва дар баҳр ба Мусо таъмид ёфтанд;

3 Ва ҳама айни як ғизои рӯҳониро мехӯрданд;

4 Ва ҳама айни як нӯшокии рӯҳониро менӯшиданд, зеро аз сахраи рӯҳоние менӯшиданд, ки аз ақибашон меомад; ва он сахра Масеҳ буд.

5 Лекин бар аксари онҳо ҳусни таваҷҷӯҳи Худо набуд; зеро ки онҳо дар биёбон ба ҳалокат расиданд.

6 Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.

7 Ҳамчунин, монанди баъзеи онҳо, бутпараст набошед, чунон ки навишта шудааст: «Қавм ба хӯрдану нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд».

8 Зинокорӣ накунем, чунон ки баъзеи онҳо зинокорӣ карданд, ва дар як рӯз бисту се ҳазор нафарашон нобуд шуданд.

9 Масеҳро наозмоем, чунон ки баъзеи онҳо озмуданд ва аз неши морҳо ба ҳалокат расиданд.

10 Шиква накунед, чунон ки баъзеи онҳо шиква карданд ва аз дасти қиркунанда нобуд шуданд.

11 Ҳамаи ин ба онҳо чун тимсоле рӯй дод, ва барои тарбияти мо навишта шуд, ки охирзамон насиби мо гардидааст.

12 Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.

13 Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.

14 Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастӣ бигрезед.

15 Ба мулоҳизакорон сухан мегӯям: дар бораи он чи мегӯям, худатон мулоҳиза кунед;


Иштирок дар суфраи Худованд тарки суфраи девҳоро талаб мекунад.

16 Оё косаи баракат, ки онро баракат медиҳем, шарик шудан ба Хуни Масеҳ нест? Оё ноне ки пора мекунем, шарик шудан ба Бадани Масеҳ нест?

17 Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.

18 Ба Исроил ба ҳасби ҷисм нигоҳ кунед: оё онҳое ки қурбониҳоро мехӯранд, шарики қурбонгоҳ нестанд?

19 Пас ман чӣ бигӯям? Оё ин ки дар қурбонии бут ё худи бут чизе хаст?

20 Не, балки он чи онҳо қурбонӣ мекунанд, ба девҳо қурбонӣ мекунанд, на ба Худо; лекин ман намехоҳам, ки шумо бо девҳо шарик бошед.

21 Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.

22 Наҳод ки мо Худовандро ба хашм меоварем? Магар мо аз Ӯ пурзӯртарем?


Дигаронро бо хӯрок ба васваса андохтан лозим нест.

23 Ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз фоиданок аст; ҳама чиз барои ман ҷоиз аст, лекин на ҳар чиз обод мекунад.

24 Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро.

25 Ҳар он чи дар бозор фурӯхта мешавад, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед;

26 Зеро ки замин ва ҳар он чи дар он аст, аз они Худованд аст.

27 Агар касе аз беимонон шуморо даъват намояд, ва шумо мехоҳед биравед, — аз ҳар чизе ки пешатон монанд, бихӯред ва ба хотири виҷдон ҳеҷ тафтиш накунед.

28 Лекин агар касе ба шумо гӯяд, ки «ин қурбонии бут аст», — ба хотири касе ки хабар дод, ва ба хотири виҷдон нахӯред; зеро ки замин ва ҳар чи дар он аст, аз они Худованд аст.

29 Аммо на виҷдони худро, балки виҷдони он каси дигарро дар назар дорам; зеро чаро виҷдони каси дигар бар озодии ман доварӣ кунад?

30 Агар ман бо шукргузорӣ мехӯрда бошам, чаро маро барои он чизе ки ман барояш шукргузорӣ мекунам, мазаммат намоянд?

31 Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.

32 На яҳудиёнро ба васваса андозед, на юнониёнро, на калисои Худоро,

33 Чунки ман низ дар ҳар бобат дили ҳамаро меёбам, ва толиби нафъи худ не, балки нафъи касони бисьёр ҳастам, то ки онҳо наҷот ёбанд.

Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.

Institute for Bible Translation, Sweden
Lean sinn:



Sanasan