1 Қӯринтиён* 1 - Китоби Муқаддас 1992 1999БОБИ ЯКУМ Имондор файзи Худоро ба воситаи Исо меёбад. 1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сӯстинис, 2 Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, — 3 Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод. Шукргузорӣ барои файзи Худо, ки ато шудааст. 4 Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям: барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст, 5 Чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед, 6 Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст, 7 Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед, 8 Ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед. 9 Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст. Ба муқобили низоъ дар Қӯринтӯс. 1. Ҷудоиҳо дар калисо. 10 Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед. 11 Зеро ки аз аҳли байти Хлӯо ба ман дар бораи шумо, эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад. 12 Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд: «Ман аз они Павлус ҳастам»; «Ман аз они Апӯллӯс»; «Ман аз они Кифо»; «Ман аз они Масеҳ». 13 Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед? 14 Худоро шукр мегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба ғайр аз Криспус ва Ғоюс, таъмид надодаам, 15 То касе нагӯяд, ки ман ӯро ба исми худ таъмид додаам. 16 Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам. 17 Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад. 2. Ҳикмати ҷаҳон ҷаҳолат аст ба ҳузури Худо. 18 Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост. 19 Зеро навишта шудааст: «Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард». 20 Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст? 21 Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад. 22 Зеро ки яҳудиён мӯъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд; 23 Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст, 24 Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост; 25 Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст. 26 Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёре тавоно нестед, бисьёре наҷиб нестед; 27 Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; 28 Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, — 29 Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад. 30 Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст, 31 То, чунон ки навишта шудааст, «фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад». |
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.
Institute for Bible Translation, Sweden